АЗ ҶИЛВАҲОИ ҲОЛИВУДӢ ТО ҶУНБОН-ҶУНБОНИ "ТОҶИКӢ"
Шак нест, ки мусиқӣ ҷузъи муҳим дар муаррифии миллат унвон мешавад.Яъне, мусиқии ҳар миллат, новобаста аз жанри сароиш, мушаххас менамояд, ки мардуми он кишвар то чӣ андоза аз маънавиёт бархурдоранд.Намедонам дигаронро, вале банда бо ҳар кӣ дӯстиву рафоқат кардан хоҳам, аввал мепурсам, ки чӣ гуна сурудҳову кадом овозхонҳоро меписандад, сипас аз посухи ӯ мушаххас мекунам, ки ба унвони дӯст интихобаш кунам ё не.Вале меъёри мазкур кайҳост, ки аксар аз мардуми моро тарк намудааст.Маълум аст, ки не.Ҳоло санъати эстрадаи тоҷик чанд мушкилоти бузурге дорад.Мардон занона месароянд, занон мардона, суруд бо навору навор ба суруд мувофиқат намекунад, лаҳҷа ба таври даҳшатовар ба сурудҳои сарояндагон роҳ ёфтааст, матни сурудҳо аз доираи қоидаҳои шеърӣ фарсахҳо дур, эстрадаро аз тӯйёнахонӣ намешавад фарқ кард, бозхонӣ аз ҳад зиёд аст, .ва хулоса як олам мушкилоти дигар, ки ё бояд ҳал шавад, ё ҷанозаи эстрадаи тоҷик дар Тоҷикистон бояд хонда шавад.