"Уфеее"-и Шабнам, "Кобӣ"-и Меҳринигор, "бефарагӣ"-и Фараҳноз ва "Асалӣ ёр"- Ёсамин

Опубликовано: 18 Май 2023
на канале: МАТНИ СУКУТ
3,565
20

"УФНОМА"

Аз "уф"-и Шабнам, "ёри сафеду сиёҳу обӣ"-и Меҳрнигор, "бефарагӣ"-и  Фараҳноз то "асалӣ ёр"-и Ёсамин Давлатова

Ҳазорон оҳу фиғону нолаву вовайло кардан ба ҳоли санъати эстрадаи тоҷик кам аст.Шояд фурсате фаро расидааст, ки дигар ба ҳоли эстрадаи мурдаву ҷанозааш  хондашуда, нолаву шеван накунем.Бахше мудом ташвиқам месозанд, ки интиқоди ҳарзатаронаҳои ба ном ситораҳои эстрадаи тоҷикро бештар намоям.Наздикон, ки дар ғами ҷони мананд, пайваста аз оқибати нохуб доштани ин ҳама танқидҳоям аз сатҳи сароиши сарояндагони тоҷик нигаронанд.Ҳафтае қабл яке худро продюсери ситораҳо номида таҳдидамон кард ва чун дар давлати қонунмеҳвар зиндагӣ мекунем, таҳдидномаашро расонаӣ карданд.Ҳаводории аҳли фаҳм аз кори ман боис шуд, ки ин ба гуфти худаш продюсер гапи худро пас гираду аз мо узр пурсад.Аҷибаш ин аст, ки ин ҳама таҳдиду носазогӯиҳо мардуми аз ҷодаи шинохти шеъру мусиқӣ бехабар шасти моро аз интиқоди вазъи бади эстрадаи тоҷик нагардонд, балки ҳавсалаи бештар кор кардан рӯи матолиби интиқодиро дар мо афзун кард.