Як вақт овоза шуда буд, ки сарояндаи шинохтаи тоҷик Фахриддини Малик сиёҳпӯстонро тоҷикӣ меомӯзад ва ин гапро сабаб яке буд.Он, ки Фахриддини Малик дар чанд сурудаш аз чеҳраву аз садои эшон истифода карда буд.Албатта, санъат марзҳоро намешиносад ва овозхонҳо ба шеваи дилхоҳ метавонанд маҳбубиятро миёни мардум ба даст биёяваранд.Ҳамон овон Фахриддини Малик низ бо ин шеваи кораш тавонист, ки диққати ҳаводорони мусиқиро ҷалб намояд.Вале ҳамин шеваи кор боис гардид, ки минбаъд барои аксари сарояндагони мо ҳузури хориҷиён дар клипҳояшон мояи ифтихор ва пешрафтагӣ бошад.Ҳатто, сарояндагони тоҷики бо забони тоҷикӣ месароидагӣ пайдо шуданд, ки дар навори калипҳояшон новобаста аз тоҷикӣ будани таронаашон дар нақшофарӣ забонҳои русӣ ва англисиро истифода бурдаву ин анъана идома дорад.Як бор ба хотир биёваред, ки клипҳои сохтаи Валиҷон Азизов, Мино, ё ин ки Зулайхо Маҳмадшоеваро.Хулоса, мисли он, ки барои аксари тоҷикони асри нав миёни ҳам бо русӣ суҳбат кардан муд шудааст, сарояндагон низ матни нақшофарӣ дар клипҳо ва ҳузури хориҷиён дар навори таронаашонро рамзи ҷаҳонӣ шудану рушди санъаташон унвон намоянд.Масалан, бо тақлид ба навори клипҳои кишвари Ҳиндустон мо ҳузури ҳиндиҳоро низ дар клипҳои сарояндагони тоҷик мушоҳида мекунем.Ба хотир биёред клипи Меҳринигори Рустамро.Хулосаи гап ин, ки ҳузури хориҷиён дар калипҳои сарояндагони тоҷик боиси рашку ҳасади мо мардони тоҷик нест, вале асоси гап ин аст, ки набояд ин шеваи кор мояи ифтихору пешрафтагӣ бошад.Намояндаи сарояндаи ҳар миллат хоса дар ин шабу рӯзи ҷаҳонишавӣ дар клипҳои худ аз унсурҳои миллӣ бояд бештар истифода баранд.Либос тоҷикӣ, ишва тоҷикӣ ва нақшофар духтарону писарони тоҷик.Ҷои пеш гирифтани ин шеваи кор бештар бояд талош намоянд, ки муҳтавои таронаҳои худро баланд бардоранд.Сурудҳое сароянд, ки мазмунаш воло бошад ва санъати тоҷикро дар ҷаҳони бекарон муаррифӣ созанд.Ҷаҳд бисозанд, ки муҳтавои таронаҳояшон ба мазмуни клипҳои сохтаашон мувофиқат намояд...Ва..Ва...Ва..Ва...Ва инак бармегардем ба иштироки хориҷиён дар клипҳои сарояндагон, хоса гуллухтарони тоҷик.Нагӯед, ки боз ҳам қасди беобрӯ кардани сарояндаеро дорам...Ҷиддӣ мегӯям..Муддатест, ки мафтуни садову ишваи Ёсамин Давлатова гаштаам.Садояш ҳарф надорад.Шевову тоҷикона.Ширинии садои Манижаи Давлатро ба хотир меорад..Ҳамин муҳаббати беандоза аст, ки мехоҳам Ёсамин Давлатова бо ин истеъдоди нотакрор, садои асал барин шинин сурудҳои баландмазмун сарояд ва клипҳое созад, ки ба мазмуни таронааш мувофиқат созад..Вале суруду клипи ахираш низ маро ҳамчун мухлиси садои ӯ дар кулбаи ғам нишонд.Аваал биёед аз муҳтавои клип қисса кунем..Ёри Ёсамин мураббии футбол аст..Ишқашон аз овони кӯдакӣ сарчашма мегирад..Ёсамин ҳам футболро дӯст медорад..Вале мураббии ошиқ аз хурдӣ ба ӯ гуфта буд, ки майдони футбол ҷои духтарон нест.Вале баъди солҳо Ёсамин бузург мешаваду ба майдони футбол меояд..Мураббӣ бачаҳоро ба ду даста тақсим месозад..Ёсамин сардори дасти муқобили ёри мураббияш..Хулоса суруд сароида мешаваду Ёсамин бо маҳорати баланди футболбозияш дастаи ёри мураббияш сарварбударо мағлуб месозад.Ҳузуру рақсҳои сиёпустон дар ҷараёни клип ба мо хулоса чунин дод, ки агар Фахриддини Малик забони тоҷикро ба сиёҳпӯстон ёд медод, ҳоло Ёсамин сиёҳпӯстонро дарси рақс медиҳад.Ёсамин дар сурудаш аз гум задани дилаш мегӯяду нигоҳи ошиқонаашро давои дарди ошиқ мехонад.Сиёҳпустони раққос, ки гӯё узви дастаи Ёсамин ҳастанд дар ҳеҷ лаҳзаи навор футболбозӣ намекунанд.Суруд ку тамоман ба муҳтавои клипи таҳияшуда мувофиқат намекунад.Аз як ҷиҳат хуб аст, ки духтари тоҷикро дар футбол тавоно тасвир намудааст.Вале дар матни суруду сенарияи клип аз ҳама басо фосилаҳо доранд.Сифати навор дараҷаи аъло.Вале ҳадаф суруди Ёсамин, рақси сиёҳпустон ё тарғиби футбол буд чӣ буд..умуман мушаххас нест...
Хулоса, дар олами санъати эстрадаи мо ин шабу рӯз камтар метавон суруду клипи ба ҳам мувоқиро пайдо кард.Ҳар суруди бемазмун ба роҳатӣ дар ин фазо шуҳратёр мегардад.Мазмунҳои орӣ аз маънаву мантиқ санъати сурудхонии моро дар ҷаҳони фарҳанги воло бехаридору бемақом кардааст.Ҳар амали мо дар сурудсозиву таҳияи килипҳо муқобили фарҳанги миллӣ ва хостаҳои мардуми фарҳангпарвари тоҷик аст.
Ҳоло ҳам мушаххас нагардидааст, ки ниҳодҳои марбуд ба назорати соҳаи фарҳангу санъат ҷиҳати пешгирӣ аз нашри сурудҳои пастмазмун чӣ барномаеро дар даст доранд.Вале ин маълум аст, ки агар фарҳанги суруди тоҷикро аз нобудӣ ҳифз кардан мехоҳем, бояд роҳи ҳалли ин мушкилотро ёбем..Шояд шумо ба ниҳодҳо бобати ин масъала пешниҳоди таъсиргузоре доред.
#ёсамин #давлатова #yosamin #davlatov